Ва касоне, ки дирӯз орзу мекарданд, ки ба ҷои ӯ бошанд, мегуфтанд: «Аҷабо, ки Аллоҳ рӯзии ҳар касро, ки хоҳад фаровон кунад ё танг созад. Агар инъому фазли Аллоҳ бар мо намебуд, албатта, моро ҳам замин мисли Қорун фурӯ мебурд. Аҷабо, ки кофирон на дар дунё ва на дар охират наҷот намеёбанд».