Ва гуноҳе бар шумо нест, ки ба таври киноя аз занони [бева ё талоқшудае, ки идда нигаҳ доштаанд] хостгорӣ кунед ва ё дар дил тасмим бар ин кор бигиред [бидуни ин ки онро баён кунед]. Аллоҳ таоло медонист, ки шумо ба зудӣ ба ёди онон хоҳед афтод; вале пинҳонӣ ба онҳо ваъда [-и заношӯӣ] надиҳед, магар ин ки [ба киноя] сухани писандида бигӯед ва [ҳамчунин] тасмим ба ақди издивоҷ нагиред, то муддати муқаррар [идда] ба сар ояд; ва бидонед, ки Аллоҳ таоло он чиро, ки дар дилҳои шумост, медонад; пас, аз [мухолифат бо] Ӯ парво кунед ва бидонед, ки ба ростӣ Аллоҳ таоло омурзандаи бурдбор аст