Чун аз ӯ ноумед шуданд, барои машварат ба каноре рафтанд ва бузургтаринашон гуфт: «Оё намедонед, ки падаратон аз шумо ба номи Аллоҳ паймон1 гирифта ва пеш аз ин низ дар ҳаққи Юсуф кӯтоҳӣ кардаед? Ман аз ин сарзамини Миср берун намеоям, то падарам маро иҷозат диҳад ё Аллоҳ дар ҳаққи ман доварие кунад, ки Ӯ беҳтарини доварон аст.2