Ва Юсуф ба яке аз он ду нафаре, ки медонист, наҷот меёбад, гуфт: «Қиссаи маро назди хоҷаи худ ёд кун, ки ман мазлумам ва бегуноҳ ба зиндон афтодаам!» Аммо шайтон қиссаи Юсуфро1 аз хотираш дур кард, ки пеши мавлояш аз қиссаи ӯ ёд кунад ва Юсуф (алайҳиссалом) чанд сол дар зиндон бимонд.