Ва Мо пеш аз ту эй Паёмбар, ба паёмбарӣ нафиристодем, магар мардонеро аз мардуми шаҳрҳо ва ободиҳо, ки ба онҳо ваҳй мекардем. Оё дар рӯи замин намегарданд, то бингаранд, ки поёни кори пешиниёнашон онон, ки беимон буданд, чӣ будааст? Ва ҳамоно саройи охират1 парҳезгоронро беҳтар аст, чаро намеандешед?2