Падару модарро бар тахт баровард ва ҳама (падару модар ва ёздаҳ бародар) дар баробари Юсуф барои ҳурмату эҳтиром1 ба саҷда даромаданд. Гуфт "Эй падар, ин аст таъбири он хоби ман, ки ба таҳқиқ, Парвардигорам онро рост
баровард. Ва чӣ қадар ба
ман некӣ кардааст, он гоҳ ки
маро аз зиндон бираҳонид
ва пас аз он, ки шайтон
миёни ману бародаронам
фасод карда буд, шуморо
аз бодия ба ин ҷо овард.
Парвардигори ман ба ҳар чӣ ирода кунад, санҷида, дақиқ анҷом медиҳад, ки Ӯ донову ҳаким аст!2