Оё мардуми Макка дар тааҷҷубанд, аз ин ки бар марде аз худашон ваҳй кардем, ки мардумро битарсон ва мӯъминонро мужда деҳ, ба ин ки дар назди Парвардигорашон пойгоҳи баланде1 доранд? Пас, чун Расули Аллоҳ барояшон ваҳйи илоҳиро тиловат кард, кофирон гуфтанд, ки ин Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ҷодугарест ошкоро!2