Ва бар қабилаи Мадян1 бародарашон Шуъайб (алайҳиссалом)-ро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Аллоҳи якторо бипарастед, шуморо ҳеҷ маъбуди барҳақе ҷуз Ӯ нест! Ва дар паймонаву тарозу ҳаққи мардумро кам макунед! Ҳамоно, шуморо дар неъмат ва осудагӣ мебинам. Ва ба сабаби кам карданатон дар паймонаву тарозу аз рӯзе, ки азобаш шуморо фаро гирад, метарсам.2