Мабодо, баъзе аз чизҳоеро, ки ба ту эй Расул, ваҳй кардаем, тарк кунӣ ва ба он дилтанг бошӣ, ки мегӯянд: Чаро ганҷе (моли бисёре) бар ӯ фурӯ фиристода намешавад?1 Ва чаро фариштае ҳамроҳи ӯ намеояд? Ҷуз ин нест, ки ту бимдиҳандае беш нестӣ ва Аллоҳ аст, ки корсози ҳар чизест.