Эй Расул, пас, сабр кун ва дар роҳи даъвати худ давомат кун албатта, ваъдаи Аллоҳ рост аст. Он чӣ ба ту ваъда додаем, зуд аст, ки барои ту онро иҷро намоем, ё баъзе аз он чизҳоро1, ки ба он мушрикон ваъда додаем, ба ту нишон медиҳем, то онро мушоҳида кунӣ, ё туро пеш аз фаро расидани азоб бар онҳо бимиронем, пас рӯзи
қиёмат онҳо ба назди Мо бозгардонида шаванд ва ба сабаби куфре, ки варзидаанд, онҳоро зуд ба азоби сахте бичашонем.2