Аллоҳ аст, ки заминро қароргоҳи шумо сохт то дар он қарор гиред ва бар он зиндагиро бароятон муяссар кард ва осмонро барои замин чун биное барафрохт. Ва шуморо сурат бахшид ва суратҳоятонро некӯ сохт.
Ва аз чизҳои покизаву хуш рӯзиятон дод. Ин аст Аллоҳи барҳақ, ки бар шумо ин неъматҳоро арзонӣ кард. Парвардигори шумост. Аллоҳ пурбаракату1 бузургвор аст, ва аз ҳама сифатҳои ношоистае, ки лоиқи зоти Ӯ нест, пок аст. Ӯст Парвардигори ҷаҳониён!2