Садақот (закоти фарзӣ) барои фақироне, ки чизеро аз мулк соҳиб нестанд ва
барои мискиноне, ки дар зиндагӣ эҳтиёҷманданд ва барои коргузорони ҷамъоварии закот аст. Ва низ барои онҳое, ки дилҳояшон моил карда мешавад ба Ислом1 ва барои озод кардани ғуломону қарздорон ва харҷ дар роҳи Аллоҳ (яъне, ҷиҳод) ва мусофирони мӯҳтоҷ ва он ҳукм фаризаест аз ҷониби Аллоҳ. Ва Аллоҳ ба маслиҳати бандагонаш доно ва дар таъин кардани фаризаи закот ҳаким аст!