Ва мунофиқон барои зиён расонидани мӯъминон ва куфр овардан ба Аллоҳ ва тафриқа афкандан миёни мусалмонон масҷиде1 бино карданд, то ки баъзеашон дар он намоз гузоранд ва масҷиди Қуборо, ки дар он мусалмонон намоз мегузориданд, тарк намоянд. Ва масҷиди бинокардаашон
барои касоне, ки мехоҳанд бо Аллоҳу паёмбараш ҷанг кунанд, камингоҳе бошад Ва албатта, савганд мехӯранд, ки аз бинои ин масҷид ҳадафе ҷуз некӣ ва хайр надоштем. Вале Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо яқинан дурӯғгӯянд.2