Ва гурӯҳе дигар аз касоне,1 ки дар ҷанги Табук ақибнишинӣ карданд ва аз кардаи худ пушаймон шуданд ба машийяти (хости) Аллоҳ вогузошта шудаанд, ки ё азобашон мекунад, ё тавбаашонро мепазирад. Ва Аллоҳ доно аст, ки сазовори уқубат ё бахшиш аст ва дар гуфтору кирдораш бо ҳикмат аст!2