Эй Паёмбар, агар ту ва мӯъминон мехоҳед, ки занонатонро талоқ диҳед, пас талоқ диҳед занҳоро дар аввали иддаашон.1 Ва шумори иддаро нигаҳ доред, то бидонед вақти бозгаштанро, агар бихоҳед онҳоро бозгардонед.
Ва аз Аллоҳи якто, Парвардигоратон битарсед. Ва онҳоро аз хонаҳояшон, ки зиндагӣ мекарданд, то комил шудани иддаи худ берун накунед2: Ва аз хона танҳо берун нараванд, магар он ки ба ошкоро кори зиште (зино) кунанд. Инҳо аҳкоми Аллоҳ ҳастанд, ки барои бандагон амр кардааст ва ҳар кӣ аз он таҷовуз кунад, пас ҳамоно ба худ ситам карда худро мавриди ҳалок қарор додааст. Ту чӣ донӣ (эй талоқшуда), шояд Аллоҳ баъд аз ин талоқ амреро падид оварад, ки ту намедонистӣ ва ӯ туро бозгардонад.3