Пас, вақте ки иддаи занҳои талоқшуда буд шавад, пас ба ваҷҳи некӯ1 нигоҳашон доред ё ба ваҷҳи некӯ2 аз онҳо ҷудо шавед. Ва дар ҳарду ҳолат ҳам, албатта гувоҳ гиред ду мусалмони соҳибтақворо. Ва (эй шоҳидон) холис барои Аллоҳ гувоҳиро адо кунед, на барои чизи дигар. Ин ҳукми Аллоҳ аст, панд дода мешавад ба он ҳар киро, ки имон дорад ба Аллоҳу рӯзӣ қиёмат. Ва ҳар кӣ аз Аллоҳ битарсад, пас амрҳои Ӯро ба ҷой орад ва аз манъ кардаҳояш парҳез кунад, Аллоҳ роҳи наҷоту халосиро аз тамоми ғаму андӯҳ барояш пайдо кунад.