Пас, чун фарзандаш Исмоил ба синне расид, ки бо падари худ кору кӯшиш тавонад кард, гуфт (падар ба писараш): «Эй писаракам, ҳароина, дар хоб дидаам, ки туро, бешубҳа, забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ» Гуфт (Исмоил) «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ дар мавриди забҳи ман амал кун, ки агар Аллоҳ бихоҳад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт».