Ва баён кун ба қавмат эй Паёмбар, ҳангоме, ки Исо писари Марям ба қавмаш гуфт: «Эй бани Исроил, ҳароина, ман паёмбари Аллоҳ фиристодашуда ба сӯи шумо ҳастам. Тавротеро, ки пеш аз ман будааст, тасдиқ мекунам ва ба паёмбаре, ки баъд аз ман меояд ва номаш Аҳмад1 аст, хушхабаратон медиҳам». Чун он Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) бо оёти равшани худ омад, гуфтанд: «Ин чизе,
ки овардаӣ ба мо ҷодуи ошкорест!»