Ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад ва ҳама аз қабрҳояшон бархезанд, кофирон савганд хӯранд, ки ҷуз лаҳзае дар дунё1 наистодаанд. Инчунин аз ҳақиқат ва роҳи ҳақ баргардонида мешаванд. Яъне, онҳо аз фаҳмидани ҳақиқат ва паймудани роҳи дуруст боздошта мешаванд, чи тавре ки дар дунё дурӯғ мегуфтанд.2