Ба таҳқиқ, ту эй Расул, наметавонӣ суханатро ба дили мурдагон бишунавонӣ ва наметавонӣ сухани ҳақро ба карон1 бишнавонӣ, ҳангоме ки рӯй бармегардонанд ва мераванд. Пас аз имон наёвардани мушрикон ғамгин мабош, зеро онҳо монанди карон ва мурдагон намешунаванд ва пайхас ҳам намекунанд, агарчанде ҳозир бошанд, пас чӣ гуна аст ҳоли касоне, ки аз ту рӯй бармегардонанд ва назди ту ҳозир нестанд?