Пас эй Расул, худ ва пайравони ту рӯйи худро ба ҳақгароӣ ва ихлос ба сӯи дин бигардонед. Ва ҳамеша пойдор бош бар ин дини ислом, ки ин фитрати1 илоҳӣ аст, ки Аллоҳ таоло мардумро бар он офаридааст. Дигаргунӣ дар офариниши Аллоҳ нест2. Ин аст дини устувор, ки ба роҳи мустақим ва ба сӯи хушнудии Парвардигори ҷаҳониён ва ҷаннати Ӯ роҳ менамояд, вале аксари мардум ин ҳақиқатро намедонанд, ки дини
ҳақ Ислом аст, на дигар динҳо.3