Аллоҳ, ҳамон зотест, ки ҳафт осмонро бе ҳеҷ сутуне, ки онро мебинед, барафрошт. Сипас бар Арш баланд ва муртафеъ гардид1 ва офтобу моҳро ром кард, ки ҳар як то замоне муайян2 дар сайранд. Аллоҳ тадбиркунандаи корҳои дунё ва охират аст ва аломату нишонаҳои қудрати худро баён мекунад, то шумо ба мулоқоти Парвардигоратон бовар кунед!3