Ва касоне, ки ба онҳо1 китоби Таврот ва Инҷилро додаем ва ба муқтазои китобашон амал мекунанд аз он чӣ ба сӯи ту нозил шуда шод мешаванд. Ва аз он ҷамоати кофирон2 касоне ҳастанд, ки бахше аз онро инкор мекунанд. Бигӯ: «Ман амр шудаам, ки танҳо Аллоҳи якторо бипарастам ва ба Ӯ ширк наёварам. Ба сӯи Ӯ даъват мекунам ва бозгашти ман ба сӯи Ӯст!