Ва ҳар кас фармудаҳои Аллоҳро ба ҷо овард ва ба роҳнамудаи Паёмбари Аллоҳ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) амал намуд, пас онҳо ҳамнишини касоне хоҳанд буд, ки Аллоҳ ба онҳо неъмат додааст аз паёмбарон ва сиддиқон, 1 ва шаҳидон,2 ва солеҳони мӯъминон, ки Аллоҳ зоҳир ва ботинашонро ислоҳ намудааст. Ва инҳо чи хуб дӯстоне ҳастанд, ки бо онҳо дар боғҳои биҳишт ҷамъ шуда ҳаёт ба сар мебаранд.