[Эй Паёмбар, дар бораи чигунагии тақсими ирс байни бародару хоҳари он майите, ки падару модар ва фарзанд надорад] аз ту мепурсанд. Бигӯ: "Аллоҳ таоло дар [мавриди] калола бароятон ҳукм содир мекунад: Агар марде, ки [падару модар ва] фарзанде надорад, фавт кунад ва хоҳаре дошта бошад, нисфи тарака аз они ӯст. [Ва агар зане фавт кунад ва бародаре дошта бошад] Дар сурате ки фарзанд надошта бошад, он мард [ҳамаи таракаро] аз ӯ ба ирс мебарад. Ва агар ду хоҳар [ё бештар аз майит] боқӣ бимонад, ду савуми тарака барои онҳост. Ва агар бародарону хоҳарон [бо ҳам] бошанд, ҳар марде [муодили] саҳми ду занро дорад. Аллоҳ таоло [ин аҳкомро] бароятон равшан месозад, то гумроҳ нашавед [ва дар тақсими ирс ба роҳи хато наравед] ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност"