Ва ба хотири паймоне, 1 ки бо онҳо баста будем, кӯҳи Турро бар болои сарашон бардоштем ва гуфтем: «Саҷдакунон (яъне, сарҳоятонро фурӯ андохта) аз он дари Байтудмуқаддас дохил шавед ва дар рӯзи шанбе аз ҳад магузаред, (яъне моҳӣ надоред)». Ва аз онҳо паймони сахт гирифтем, вале паймонро шикастанд. 2