Он мунофиқоне, ки ҳамеша интизори чигунагии аҳволи шумо ҳастанд, пас агар
аз ҷониби Аллоҳ пирӯзӣ насибатон шавад, мегӯянд: «Магар мо ҳамроҳи шумо набудем?» (То аз пулу моли ғанимат баҳраманд шаванд). Ва агар пирӯзӣ насиби кофирон шавад, мегӯянд: «Оё на чунон буд, ки ба шумо ёрӣ расонда будем ва мӯъминонро аз осеб расонидан ба шумо боздоштем?» Дар рӯзи қиёмат Аллоҳ миёни шумо ҳукм мекунад ва Ӯ ҳаргиз барои кофирон ба зиёни мусалмонон роҳе накушодааст. (Яъне, ҳаргиз кофиронро бар мусалмонон пирӯз нахоҳад кард). 1