Онҳо касонеанд, ки аз гуноҳони бузургу беҳаёгиҳо парҳез мекунанд, ҷуз
он ки гуноҳи хурде1 аз онҳо сар занад, бидонанд, ки ҳароина, омурзиши Парвардигори ту васеъ аст ва Ӯ ба аҳволи шумо он гоҳ ки аз замин биёфарид падаратон Одамро ва он гоҳ ки дар шиками модаратон пинҳон будед, огоҳтар аст. Хештанро бегуноҳ надонед ва худро таъриф накунед ба парҳезгорӣ. Ӯ ба парҳезгорон донотар аст!2