Ҳамаи таомҳои пок қабл аз нозил шудани Таврот барои бани Исроил ҳалол буд, ба ҷуз чизҳое андаке, ки Яъқуб (алайҳиссалом ба сабаби бемориаш) барои худ ҳаром карда 1 буд. Вале Аллоҳ ба сабаби ситамкории бани Исроил баъзе таъомҳоеро, ки барои онон ҳалол буд, ҳаром гардонид; Бигу: «агар ростгу ҳастед, пас, Тавротро биёвареду бихонед.