(Ва ба ёд овар эй Расул,) ҳангоме, ки Аллоҳ аз паёмбарон паймон гирифт, ки шуморо китобу ҳикмат додаам; сипас паёмбаре пеши шумо омад, ки тасдиқкунандаи он чи, ки бо худ доред, бояд бо ӯ имон оваред ва ӯро ёрӣ кунед.
Аллоҳ фармуд: "Оё иқрор доред ва паймони маро бар он пазируфтед?" Гуфтанд: "Иқрор кардем". Фармуд: "Пас гувоҳ бошед ва ман ҳам бо шумо аз гувоҳон ҳастам". 1