Бигӯ: «Эй аҳли китоб,1 биёед ба сӯи сухане, ки миёни мо ва шумо, баробар аст ва он иборат аст, аз ин ки ҷуз Аллоҳро напарастем ва ҳеҷ чизеро шарики Ӯ насозем (мисли бут, салиб, тоғут ва ғайра..) 2 ва баъзе аз мо баъзе дигарро ба худоӣ нагирад. Эй мӯъминон агар онон рӯйгардонанд, ба аҳли китоб бигӯед, шоҳид бошед, ки мо мусалмон ҳастем.