Ва ба ёд ор он гоҳ, ки Аллоҳ фармуд: "Эй Исо, Ман туро мемиронам1 ва ба сӯи худ боло барандаам ва туро аз дасти касоне, ки куфр варзидаанд, наҷот медиҳам ва касонеро, ки аз ту пайравӣ карданд, бар касоне, ки куфр варзиданд, то рӯзи қиёмат бартар қарор медиҳам.
Сипас бозгашти шумо ба сӯи Ман аст, пас дар дар он чӣ ихтилоф мекардед, дар бораи Исо
алайҳиссалом миёнатон ҳукм мекунам.