(Касоне, ки аз бани Исроил кофир шуданд ба Исо алайҳиссалом) макр карданд, 1 (яъне шахсеро барои куштани Исо вакил карданд. Пас Аллоҳи мутаъол мардеро ба Исо монанд кард ва ӯро дастгир карда кушта ва ба дор овехтанд ба гумоне, ки гӯё ӯ Исо ҳаст.) Вале макри Аллоҳ беҳтар аст аз он макркунандагон. (Ва дар ин оят исботи сифати макри Аллоҳ зикр шудааст, ки лоиқ ба бузургӣ ва камоли Ӯ мебошад; Макри Аллоҳ макри ҳақ аст дар муқобили макри бандагон.)