Ба ёд ор эй Расул, қиссаи зани Имрон ва духтараш Марям ва Исо алайҳиссаломро; то ин ки ту рад намоӣ касонеро, ки даъво кардаанд, ки Исо Аллоҳ аст ё фарзанди Аллоҳ аст. Чун гуфт зани Имрон: Эй Парвардигори ман, он чи ки дар шикам дорам, барои Ту назр кардам, 1 Ин назрро аз ман бипазир, ки Ту танҳо шунавоӣ ба дуъои ман ва доноӣ ба нияти ман.