Вале касоне, ки аз Парвардигорашон тарсиданд, барои онҳост боғҳое, ки ҷӯйҳо аз зери он равон аст. Дар он ҷовидона ҳастанд. Ва онҳо касоне ҳастанд, ки дил ва гуфтор ва кирдорашон нек аст. Ин подоше аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва он чи назди Аллоҳ аст, барои некӯкорон беҳтар аст.