Дар дили кофирон тарсу ваҳм хоҳем афканд ба сабаби он, ки бо Аллоҳ чизеро шарик муқаррар сохтанд, ҳол он ки Аллоҳ барои ибодати он бутҳо ҳеҷ ҳуҷҷате нафиристодааст. Ҳолати кофирон дар дунё; тарсу ваҳм аст аз мӯьминон. Аммо дар охират маконашон ва ҷойгоҳашон дӯзах мебошад. Ва ин ҳама ба сабаби ситам ва душманиашон мебошад. Ва чи бад ҷойгоҳест! 1