Оё на нигаристаӣ эй Паёмбар, ба яҳудиёне, ки аз наҷво1, ки дар нафси мӯъминон шакку шубҳаро меоварад, манъ шуда буданд, боз ҳам ба гуноҳ наҷво мекунанд. Ва бо якдигар пинҳонӣ сухан мегӯянд, сухане, ки дар он гуноҳу душманӣ ва нофармонӣ аз паёмбар аст? Ва чун (эй
Паёмбар) он яҳудиён назди ту барои коре меоянд, ба тавре туро салом мегӯянд, ки Аллоҳ туро ба он тавр салом нагуфтааст2 ва дар байни худ мегӯянд: Чаро Аллоҳ моро ба он чӣ ба Муҳаммад мегӯем, азоб намекунад, агар ӯ паёмбари барҳақ бошад? Чаҳаннам барояшон кофист. Ба он дохил мешаванд ва ин бад саранҷомест!3