Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ, ки дар иҳром бошед, хоҳ дар ҳаҷ ё умра ё дар ҳарам сайдро макушед. Ҳар кӣ ҳар намуди сайдро ба амд (қасдан) бикушад, ҷазои ӯ қурбонӣ кардани ҳайвонест монанди он чӣ куштааст, аз шутур, гов ё гусфанд ба шарти он ки ду шахси одил аз шумо гувоҳӣ диҳанд ва қурбониро ба Каъба расонад ё ба кафорат тангдастонро аз фақирони ҳарам таъом диҳад ё баробари он рӯза бигирад, Парвардигор бар вай ин ҷазоро фарз гардонид, то уқубати кори худ бичашад. Аз он чӣ дар гузашта кардаед, 1 Аллоҳ афв кардааст, вале ҳар кӣ ба он қасдан бозгардад, Аллоҳ аз ӯ интиқом мегирад, ки Аллоҳ пирӯзманду интиқом гиранда аст!