Аз нишонаҳои дӯстии онҳо ба мусалмонон он аст, ки гурӯҳе аз онҳо1 он чиро, ки бар паёмбар нозил шуда, бишнаванд, чашмонашон ба сабаби он чи аз ҳақ шинохтанд, пур аз ашк мешавад, ки он ҳақ ва аз назди Парвардигор аст ва ба Аллоҳ имон меоваранд ва расули Ӯро пайравӣ мекунанд ва мегӯянд: "Эй Парвардигори мо, имон овардем, моро низ дар зумраи гувоҳидиҳандагон бинавис".2