(Сипас ҳақиқати Масеҳ ва модарашро, ки ҳақ ва ошкор буд, баён кард ва фармуд): Масеҳ писари Марям, ҷуз паёмбаре набуд, ки паёмбароне пеш аз ӯ будаанд ва модараш зани ростгӯй1 буд, ки ҳар ду ғизо мехӯрданд. Бингар, ки чӣ гуна оётро барояшон баён мекунем, сипас бингар, ки чӣ гуна аз ҳақ рӯй мегардонанд.2