(Парвардигор ба Исо алайҳиссалом рӯзи қиёмат мегӯяд:) «Ин рӯзест, ки ростгӯёнро ростии ният, гуфтор ва кирдорашон фоида диҳад. Аз они онҳост, биҳиштҳое, ки дар он ҷӯйҳо ҷорӣ мешаванд. Ҳамеша дар он ҷовидон хоҳанд буд». Парвардигор аз онон хушнуд ва хубиҳояшонро қабул кардааст ва онон низ аз Парвардигор хушнуданд аз он савобҳое, ки ба онҳо дода шудааст. Ин аст комёбии бузург!