Чун, бихоҳем деҳаеро ҳалок кунем, дорандаҳои неъматашро бияфзоем, то дар он ҷо табаҳкорӣ кунанд, он гоҳ азоб бар онҳо воҷиб гардад ва онро дар ҳам фурӯ кӯбем.
Парвардигорат муқаррар дошт, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ, ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй.
Ва бар дилҳошон парда афканем, то онро дарнаёбанд ва гӯшҳошон сангин кунем. Ва чун Парвардигоратро дар Қуръон ба яктоӣ ёд кунӣ, бозмегарданду мераманд.
Парвардигоратон ба шумо огоҳтар аст. Агар бихоҳад, бар шумо раҳмат меоварад ва агар бихоҳад, азобатон мекунад ва мо туро ба коргузорияшон нафиристодаем.
Бо фарёди худ ҳар киро тавонӣ, аз ҷой, бархезон ва ба ёрии саворону пиёдагонат бар онон битоз ва дар молу фарзанд бо онон шарики кун ва ба онхо ваъда бидеҳ. Ва ҳол он ки шайтон ҷуз ба фиребе ваъдаашон надиҳад!
Мо фарзандони Одамро каромат бахшидем ва бар дарёву хушкӣ савор кардем ва аз чизҳои хушу покиза рӯзӣ додаем ва бар бисёре аз махлуқоти худ беҳтариашон додем.
ё туро хонае аз тилло бошад, ё ба осмон боло раВӣ. Ва мо ба осмон рафтанатро бовар накунем, то барои мо китобе, ки аз он бихонем, биёварӣ». Бигӯ: «Парвардигори ман пок аст. Оё на ин аст, ки ман инсоне ҳастам, ки ба пайғамбарӣ омадаам?».
Бигӯ: «Чӣ Оллоҳро бихонед, чӣ Раҳмонро бихонед, ҳар кадомро, ки бихонед, номҳои некӯ аз они Ӯст». Садоятро ба намоз баланд макун ва низ садоятро ба он паст макун ва миёни ин ду роҳе интихоб кун.