Ин аст ҳукми Аллоҳ дар он чи гузашт ва ҳар кас шаъоири 1 Аллоҳро бузург шуморад, пас ин дар назди Парвардигораш барояш беҳтар аст. Ва чорпоён бар шумо ҳалоланд, магар онҳое, ки бароятон хонда шуд: аз моли худмурда, хун ва дигар чизҳои ҳаромшуда. Пас аз палидиҳое, ки баъзе аз онҳо бутҳо ҳастанд, дурӣ кунед ва аз сухани ботилу дурӯғ низ парҳез кунед.