Ва касоне, ки ба Аллоҳ ва паёмбаронаш имон овардаанд ва миёни ҳеҷ яке аз паёмбаронаш фарқе наниҳоданд, онҳо сиддиқонанд1.
Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Барои онҳост подошашон ва нурашон рӯзи қиёмат.
Ва онҳое, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурӯғ шумориданд, на барояшон подош ва на нур аст, балки онҳо соҳибони ҷаҳаннаманд.