Аллоҳ Зотест, ки биёфарид осмонҳо ва заминро ва он чи дар миёни осмону замин аст, дар шаш рӯз, ва бар арши худ истиво ёфт.1 Ӯст Аллоҳи Меҳрубон ва дар бораи Ӯ (эй Паёмбар) аз касе бипурс, ки огоҳ бошад. (Яъне ба зоти поки Аллоҳ доност худи Ӯ ва медонад сифатҳои бузургии худро ва ҳеҷ касе донотар ба Аллоҳ таоло аз банда ва фиристодаи Ӯ Муҳаммад, -саллаллоҳу алайҳи ва саллам,- нест.)