Бегумон, Аллоҳ хоби паёмбарашро ба ростӣ пайваст, ки гуфта буд: "Агар Аллоҳ бихоҳад, Ӯ ва асҳобаш эмин, гурӯҳе сар тарошида ва гурӯҳе мӯй кӯтоҳ карда, бе ҳеҷ биме аз аҳли ширк ба масҷидулҳаром дохил мешаванд". Пас Аллоҳ чизҳое медонист, 1 ки шумо намедонистед. Пас осон кард ба шумо пеш аз даромадани Макка як фатҳи наздикро (яъне, сулҳи Ҳудайбия ё фатҳи Хайбарро). 2