Мӯсо ба шумо мӯъҷизаҳои равшан овард, ки далолаткунанда бар сидқи ӯст. Ба монанди тӯфон, малах, шабушк ва қурбоққа ва ғайр аз ин он чи ки Аллоҳ дар Қуръони азим зикр намудааст. Бо вуҷуди ин, шумо пас аз рафтани Мӯсо ба ваъдагоҳи Парвардигораш, гӯсоларо маъбуди худ гирифтед. Ва шумо ситамгор будед.