Пас ҳалок ва ваъиди сахт бод бар олимони яҳудиён1, ки китобро худ ба дасти худ менависанд ва мегӯянд ин аз назди Аллоҳ аст ва ҳол он ки мухолифи он чӣ ки Аллоҳ бар паёмбараш Мӯсо нозил карда мебошад, то фоидае андак баранд. Пас ҳалокӣ бод бар онҳо аз он чӣ навиштанд ва ҳалокӣ бод бар онҳо аз фоидае, ки мебаранд!