Ба ба ёд оред, эй бани Исроил, он замонро, ки бо шумо паймони сахт бастем, ки имон ба Аллоҳ оред ва ягона Ӯро ибодат кунед ва кӯҳи Турро 1 бар болои саратон бидоштем. Ва барои шумо гуфтем: Он чиро, ки ба шумо додаем, мустаҳкам бигиред, вагарна кӯҳи Турро бар болоятон сарнагун созем ва он чиро, ки дар он аст, ба хотир бидоред! То бувад, ки парҳезгор бошед.