Касоне, ки аз ин уммат имон овардаанд ба Аллоҳ ва расулаш ва амал кардаанд ба шариъати ӯ ва касоне, ки пеш аз биъсати1 Паёмбар Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам аз умматҳои пешина аз яҳудиён ва насрониён ва собиён2, ки бар фитраташон боқӣ буданд ва ҳамагон холис ба Аллоҳ ва ба рӯзи ҷазо имон овардаанд ва кори шоистае кардаанд, Аллоҳ ба онҳо ҷазои нек медиҳад ва на бимнок мешаванд ва на ғамгин.